936. ГУРЕХТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА АЗ ПЕШИ ХУСРАВ ВА РАСИДАН НАЗДИ ХОҚОНИ ЧИН
Чу хуршеди равшан биёрост гоҳ,
Талоя биёмад зи наздики шоҳ.
Ба пардасарой-андарун кас надид,
Ҳамон хайма бар пою кас нопадид.
Талоя биёмад, бигуфт ин ба шоҳ,
Дили шоҳ шуд танг аз он размхоҳ.