Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

935. ҶАНГИ СЕЮМИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БО БАҲРОМИ ЧӮБИНА ВА ШИКАСТА ШУДАНИ БАҲРОМ

Ҳамон гаҳ зи кӯҳ андаромад сипоҳ, Ҷаҳон шуд зи гарди саворон сиёҳ. В-аз он рӯй Баҳром лашкар биронд, Ба рӯз - андарун рӯшноӣ намонд. Ҳаме гуфт: «Ҳар кас, ки ронад сипоҳ, Хирад бояду мардиву дастгоҳ. Далерон, ки диданд хишти маро, Ҳам он паҳлавонӣ сиришти маро, Маро баргузиданд бар хусравон, Ба хок афканам номи Нӯшинравон». Зи лашкар бари шоҳ шуд хира-хир, Камонро ба зеҳ карду як чӯба тир, Бизад ногаҳон бар камаргоҳи шоҳ, Ба каж андаровехт пайкон ба роҳ. Яке банда чун захми пайкон бидид, Биёмад, зи дебош берун кашид. Бизад найзае бар камарбанди ӯй, Зиреҳ буд, нагсист пайванди ӯй. Синони сари найза шуд бар ду ним, Дили марди бероҳ шуд пур зи бим. Чу бишкаст найза, барошуфт шоҳ, Бизад теғ бар миғфари кинахоҳ. Саросар ҳама теғ барҳам шикаст, Бад-он пайкари миғфар андарнишаст. Ҳаме офарин хонд, ҳар кас ки дид, Ҳамон кас, ки овози оҳан шунид. Гаронмоягон аз пас андаршуданд, Чунон лашкареро ба ҳам барзаданд. Хиромид Биндӯй наздики шоҳ, Ки «эй тоҷи ту бартар аз чархи моҳ! Яке лашкар аст ин чу мӯру малах, Гирифта биёбону ҳам регу шах. На воло бувад хира хун рехтан, На аз шоҳ бо банда овехтан. Ҳар он кас, ки хоҳад зи мо зинҳор, Беҳ аз кушта, ё хаста дар корзор». Бад-ӯ гуфт Хусрав, ки «ҳар к-аз гуноҳ Бупечад, бар ӯ ман наям кинахоҳ.