Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

934. Нахустин аз ин ҷангиён доми хеш

Набишта биёварду бинҳод пеш. Дигар гурд Шопур бо Андиён, Чу Биндӯю Гардӯйи пушти каён, Чу Озаргушаспу агар Шердил, Чу Зангӯйи густох бо шеру пил. Тухора, ки дар ҷанг ғамхора буд, Ялонсинаро зишт патёра буд. Фарухзоду чун Хусрави сарфароз, Чу Аштоди пирӯзи душмангудоз, Чу Фархунда Хуршед бо Урмузд, Ки душман будӣ пеши эшон фурузд. Чу мардони з-ин сон гузин кард ҳафт, Зи лашкар ба як сӯ хиромид тафт. Чунин гуфт Хусрав бад-ин меҳтарон, Ки «эй сарфарозону фармонбарон! Ҳама пуштро сӯи Яздон кунед, Дили хешро шоду хандон кунед. Ҷуз аз хоси Яздон набошад сухан, Чунин буд, то буд чархи куҳан. Ба разм -андарун кушта беҳтар бувад, Ки бар мо яке банда меҳтар бувад. Нигаҳдори ман буд бояд ба ҷанг, Ба ҳангоми ҷунбиш накардан диранг». Ҳама ҳамзабон офарин хонданд, Варо шаҳрёри замин хонданд. Бикарданд паймон, ки аз шаҳрёр Касе барнагардад бад-ин рӯзгор. Сипаҳдор бишниду ором ёфт, Хуш омад-ш, к-аз кеҳтарон ком ёфт. Сипаҳро ба Баҳроми фаррух супурд, Ҳаме рафт бо чордаҳ марди гурд. Ҳамон гаҳ хурӯш омад аз дидагоҳ, Ба Баҳром гуфтанд, к-«омад сипоҳ». Ҷаҳонҷӯи бедордил барнишаст Каманде ба фитроку теғе ба даст. Зи боло чу он моя мардум бидид, Тане чанд аз он ҷангиён баргузид. Ялонсинаро гуфт, к-«ин баднажод