Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

933. ҶАНГИ ПАҲЛАВОНОНИ ХУСРАВ БО БАҲРОМИ ЧӮБИНА

Чу барзад зи дарё дирафши сапед, Ситора шуд аз тирагӣ ноумед. Табиразанон аз ду пардасарой Бирафтанд бо пилу бо карраной. Хурӯш омад аз ною аз говдум, Ҳам аз кӯҳаи пилу рӯинаҳум. Ту гуфтӣ, ки ҷунбад ҳама дашту роғ, Шуда рӯи хуршед чун парри зоғ. Чу эрониён баркашиданд саф, Ҳама найзаву теғи ҳиндӣ ба каф. Замин сарбасар гуфтӣ аз ҷавшан аст, Ситора зи нӯки синон равшан аст. Чу Хусрав биёрост он қалбгоҳ, Ҳама дил гирифтанд яксар сипоҳ. Варо майманадор Гурдӯй буд, Чу гурду далеру ҷаҳонҷӯй буд. Ба дасти чапаш номдор арманӣ Або ҷавшану теғи оҳарманӣ. Мубориз чу Шопуру чун Андиён Бад-он ҷанг-бар танг баста миён. Ҳаме буд Густаҳм бар дасти шоҳ, Ки дорад мар ӯро зи душман нигоҳ. Чу Баҳроми ял румиёнро надид, Дирангӣ шуду хомушӣ баргузид. Бифармуд, то кӯс бар пушти пил Бубастанду шуд рӯи гетӣ чу нил. Нишаст аз бари пушти пили сафед, Ҳамовардаш аз бахт шуд ноумед. Ҳаме ронд он пил то маймана, Ба Шопур гуфт: «Эй бади бадтана! На паймона-т он буд ба нома- дарун, Ки пеши ман оӣ бад-ин дашти хун? На ин бошад оини озодагон, Ҳаме тан ба куштан диҳӣ ройгон». Бад-ӯ гуфт Шопур, к-«эй девфаш, Сари хеш дар бандагӣ карда каш! Аз ин нома кай буд ному нишон, Ки гӯӣ ҳаме пеши гарданкашон?!»