932. Зи бас кушта андар миёни сипоҳ
Бимонданд, бар ҷою барбаст роҳ.
Аз он румиён кушта шуд лашкаре,
Ҳар он кас, ки буд з-он далерон саре.
Дили Хусрав аз дарди эшон бихаст,
Тани хастаи зиндагонро бубаст.
Ҳама куштагонро ба ҳам дарфиканд,
Тале гашт бар сони кӯҳи баланд.
Ҳаме хондандиш Баҳромчид,
Бибуррид Хусрав зи румӣ умед.
Ҳаме гуфт, «Агар марди румӣ ду бор
Кунад ҳам бар ин гуна дар корзор.
Ҷаҳонро ту бе лашкари Рум дон,
Ҳамон теғи пӯлодашон мум дон».
Ба Саргис чунин гуфт пас шаҳрёр,
Ки «фардо мабар ҷангиёнро ба кор.
Ту фардо баросой, то ман сипоҳ
Биёрам бар эрониён кинахоҳ».
Ба эрониён гуфт: «Фардо ба ҷанг
Шуморо бибояд шудан бедиранг».
Ҳама вижа гуфтанд, к-«эдун кунем
Ки кӯҳу биёбон пур аз хун кунем».