931. РАЗМИ ХУСРАВ БО БАҲРОМИ ЧӮБИНА ВА КУШТА ШУДАНИ КуТИ РУМӢ
Чу хуршед барзад сар аз тиракӯҳ,
Хурӯше баромад зи ҳар ду гурӯҳ,
Ки гуфтӣ замин гашт гардонсипеҳр,
Гар аз теғҳо тира шуд рӯи меҳр.
Биёростанд маймана майсара,
Замин кӯҳ гашт оҳанин яксара.
Аз овози аспону бонги сипоҳ
Биёбон ҳаме ҷуст бар кӯҳ роҳ.
Чу Баҳроми ҷангӣ бад-он бингарид,
Яке ханҷари обгун баркашид.
Ҳаме гашт гирди сипаҳ яктана,
Ки дорад нигаҳ майсара, маймана.
Ялонсинаро гуфт: «Бар қалбгоҳ
Ҳаме бош бар пеши рӯи сипоҳ,
К-аз ин лашкар имрӯз ҷангӣ манам,
Ба гоҳи гурезаш дирангӣ манам».
Нигаҳ кард Хусрав бар он размгоҳ,
Ҷаҳон дид яксар зи лашкар сиёҳ.
Рухи шеди тобон чу коми хизабр
Ҳаме теғ борид гуфтӣ зи абр.
Ниётусу Биндӯю Густаҳму шоҳ
Ба боло гузаштанд аз он размгоҳ.
Нишастанд бар кӯҳи Дук он сарон,
Ниҳода ду дида ба фармонбарон.
Аз он кӯҳ лашкар ҳаме дид шоҳ
Чапу росту қалбу ҷиноҳи сипоҳ.
Чу бархост овои кӯс аз ду рӯй,
Бирафтанд мардони пархошҷӯй.
Ту гуфтӣ, замин кӯҳи оҳан шудаст,
Сипеҳр аз бари хок душман шудаст.
Чу Хусрав бар он гуна-бар кор дид,
Фалак пуд диду замин тор дид.
Ба Яздон ҳаме гуфт бар паҳлавӣ,
Ки «аз бартарон пок бартар тувӣ.
Кӣ баргардад аз разми имрӯз шод,
Кӣ донад чунин ҷуз ту, эй покзод!
Киро бахт хоҳад шудан кундрав,
Сари найзаи ӯ шавад хору хав?»