Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

930. СИПОҲ РОНДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ҶАНГИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА ҲАЗИМАТ КАРДАН РУМИЁНРО

Чу марди ҷаҳонҷӯй нома бихонд, Ҳаворо бихонду хирадро биронд. Аз он номаҳо сози рафтан гирифт, Бимонданд эрониён з-он шигифт. Бирафтанд пирони наздики ӯй, Чу диданд он ройи торики ӯй. Ҳаме гуфт ҳар кас: «аз эдар марав, Чу рафтӣ, куҳан гардад ин рӯзи нав. Агар Хусрав ояд ба Эронзамин, Набинад ба ҷуз гурзу шамшери кин. Бар ин тахти шоҳӣ махӯр зинҳор, Ҳаме хира бифребадат рӯзгор». Наёмад суханҳо бар ӯ коргар, Бифармуд, то рафт лашкар бадар. Буна барниҳоду сипаҳ барнишонд, Бизад кӯсу аз шаҳр лашкар биронд. Ҳаме тохт то Озарободагон Сипоҳе диловар аз озодагон. Сипоҳ андаромад ба танги сипоҳ, Бубастанд бар мӯру бар пашша роҳ. Чунин гуфт пас меҳтари кинахоҳ, Ки «ман кард хоҳам ба лашкар нигоҳ. Бубинам, ки румисаворон кианд, Сипоҳӣ кадоманду гурдон кианд?!» Ҳамон барнишастанд гурдон бар асп, Ялонсинаву меҳтар Эзадгушасп. Ба дидори он лашкари кинахоҳ Гаронмоягон баргирифтанд роҳ. Чу лашкар бидиданд, боз омаданд, Ба наздики меҳтар фароз омаданд, Ки ин бекарона яке лашкар аст, Аз андешаи мо ҳаме бартар аст. В-аз он рӯй румисаворони шоҳ Бирафтанд пӯён бад-он боргоҳ. Бубастанд бар пеши Хусрав миён, Ки мо ҷанг ҷӯем аз эрониён. Бар он кор ҳамдостон гашт шоҳ, Куҷо орзу хост румисипоҳ.