929. ОГОҲ ШУДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА АЗ БОЗГАШТАНИ ХУСРАВ ВА НОМА НАВИШТАН БА САРДОРОНИ ЭРОН
Чу омад ба Баҳром аз он огаҳӣ,
Ки тоза шуд он фарри шоҳаншаҳӣ.
Ҳамон гаҳ зи лашкар яке номҷӯй
Нигаҳ кард бодонишу обрӯй,
Куҷо номи ӯ буд Доропаноҳ,
Ки Баҳромро ӯ будӣ некхоҳ.
Дабири сарафрозро пеш хонд,
Суханҳои боиста чанде биронд.
Бифармуд, то номаҳои бузург
Нависад бад-он меҳтарони сутург.
Ба Густаҳму Биндӯю Гурдӯи гурд,
Ки аз меҳтарон номи гурдӣ бибурд.
Чу Шопуру чун Андиёни савор,
Ҳар он кас, ки буд аз ялон номдор.
Сари нома гуфт, аз ҷаҳонофарин
Ҳаме хонам андар ниҳон офарин,
Ки бедор гардед яксар зи хоб,
Магиред бар бад бад-ин сон шитоб,
Ки то дар ҷаҳон тухми Сосониён
Падид омад андар миёну карон,
Аз эшон наёмад ба ҷуз баттарӣ,
Ба гирди ҷаҳон ҷустани доварӣ.
Нахуст аз сари Бобакон Ардашер,
Ки андар ҷаҳон тоза шуд доругир.
Замона зи шамшери ӯ тира гашт,
Сари номдорон ҳама хира гашт.
Нахустин сухан гӯям аз Ардавон
В-аз он номдорони равшанравон,
Ки аз номашон гашт гетӣ тиҳӣ,
Пур аз дард шуд ҷойгоҳи меҳӣ.
Шунидӣ ҳамоно, ки бар Суфарой
Чӣ омад зи Пирӯзи нопокрой.
Раҳо кард аз банд пои Қубод
В-аз он меҳтарон дод ӯро ба дод.
Қубоди бадандеш нерӯ гирифт,
Ҳунарҳо бишуст, аз дил оҳу гирифт.
Чунон ёвари некдилро бикушт,
Бар ӯ шуд дили номдорон дурушт.