Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

928. ЛАШКАР КАШИДАНИ ХУСРАВ БА СӮИ ОЗАРОБОДАГОН

Ба ҳафтум биёрост хуршед чеҳр, Сипаҳро ба кирдори гардонсипеҳр. Зи даргоҳ бархост овои кӯс, Ҳаво шуд зи гарди сипаҳ обнӯс. Сипоҳӣ гузин кард аз озодагон, Биёмад сӯи Озарободагон. Ду ҳафта баромад ба фармони шоҳ, Дамодам ба лашкаргаҳ омад сипоҳ. Саропарда зад шоҳ бар дашти Дук, Сипоҳе чунин гашну роҳе сулук. Ниётусро дод лашкар ҳама, Бад-ӯ гуфт: «Меҳтар туӣ бар рама». В-аз он ҷойгаҳ бо саворони гурд Инон бораи тезтакро супурд. Сӯи роҳи Чийчаст бинҳод руй, Ҳаме ронд шодондилу роҳҷӯй. Ба ҷое ки Мӯсил буд арманӣ, Ки кардӣ миёни бузургон манӣ. Ба лашкаргаҳаш ёр Биндӯй буд, Ки Биндӯй холи ҷаҳонҷӯй буд. Чу аз ҷунбиши Хусрав огоҳ шуд, Аз он дашт тозон сӯи роҳ шуд. Бирафт он ду гурд аз миёни сипоҳ, Зи лашкар нигаҳ кард Хусрав ба роҳ. Ба Густаҳм гуфт: «Он диловар ду мард Чунин аст тозон ба дашти набард. Бирав сӯи эшон, нигар, то кианд В-аз ин гуна тозон зи баҳри чианд?» Чунин гуфт Густаҳм, к-«эй шаҳрёр, Бар онам, ки он марди аблақсавор, Бародар-м Биндӯйи ҷанговар аст, Ҳамон ёраш аз лашкари дигар аст», Чунин гуфт Хусрав ба Густаҳми шер, Ки «ин кӣ бувад, эй савори далер? Агар зинда хоҳӣ, ба зиндон бувад В-агар кушта бар дори майдон бувад». Бад-ӯ гуфт Густаҳм: «Шоҳо, дуруст, Бад-он сӯ нигаҳ кун, ки он холи туст.