Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

927. ФИРИСТОДАНИ ҚАЙСАР ЛАШКАР ВА ДУХТАР НАЗДИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ

В-аз он пас чу донист, к-омад сипоҳ, Ҷаҳон шуд зи гарди саворон сиёҳ. Гузин кард аз он румиён сад ҳазор, Ҳама номдорони дар корзор. Силеҳу дирам хосту аспони ҷанг, Сар омад бад ӯ рӯзгори диранг. Яке духтараш буд Марям ба ном, Хирадманду борою босангу ком. Бидодаш ба Хусрав ба оину дин, Ҳаме хост аз кирдгор офарин. Бипазруфт духтар-ш Густаҳми гурд, Ба оини шоҳон ба Хусрав супурд. В-аз он пас биёвард чандон ҷаҳиз, К-аз он кунд шуд борагиҳои тез. Зи зарринаву гавҳари шоҳвор, Зи ёқуту аз ҷомаи зарнигор, Зи густурданиҳову дебои Рум, Бару пайкари сарву симин-ш бум. Ҳамон ёраву тавқи бо гӯшвор, Се тоҷи гаронмоя гавҳарнигор. Иморӣ биёрост заррин чаҳор, Ҷулайлаш пур аз гавҳари шоҳвор. Чиҳил маҳди дигар буд аз обнӯс, Зи гавҳар дурафшон чу чашми хурӯс. В-аз он пас парастандаи моҳрӯй Чу ду сад бирафтанд бо рангу бӯй. Хирадманду бедор сесад ғулом Биёмад ба заррину симинситом. Зи румӣ ҳамон низ ходим чиҳил, Паричеҳраву шӯҳраву дилгусил. В-аз он файласуфони румӣ чаҳор Хирадманду бодонишу номдор, Бад-эшон бигуфт, он чи боист гуфт, Ҳамон низ бо Марям андар нуҳуфт. Аз орому аз кому боистагӣ, Ҳам аз бахшишу хӯрду шоистагӣ. Чу он хоста кард румӣ шумор, Фузун буд зи сесад ҳазорон ҳазор.