Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

926. ГУЗОРИШ КАРДАНИ ХАРРОД БАР ДИНИ ҲИНДУВОН

Бад-ӯ гуфт қайсар, ки «ҷовид зӣ, Ки дастурии хусравонро сазӣ. Яке хона дорам ба айвон шигифт, К-аз он бартар андоза натвон гирифт. Чу бинӣ, надонӣ, ки он банд чист, Тилисм аст ё кардаи эзадист». Чу Харроди Барзин шунид ин сухан, Биёмад бад-он ҷойгоҳи куҳан. Бидид истода муаллақ савор, Биёмад бари қайсари номдор. Чунин гуфт, к-«аз оҳан аст ин савор, Ҳамон гунбад аз гавҳари номдор, Ки доно варо миғниётис хонд, Ки румиш бар аспи оҳан нишонд. Ҳар он кас, ки аз дафтари ҳиндувон Бихонад, шавад шоду равшанравон». Бипурсид қайсар, ки «ҳинду зи роҳ Ҳаме то куҷо баркашад пойгоҳ? Зи дину парастидан андар чианд, Ҳаме бутпарастанд агар, худ кианд?» Чунин гуфт Харроди Барзин, ки «роҳ Ба Ҳинд- андарун роҳи гов асту моҳ. Ба Яздон нагарванду гардонсипеҳр, Надорад касе бар тани хеш меҳр. Зи хуршеди гарданда-бар бугзаранд, Чу моро зи донандагон нашмаранд. Ҳар он кас, ки оташ ҳаме барфурӯхт, Шуд андар миён, хештанро бисӯхт. Яке оташе донад андар ҳаво, Ба фармони Яздони фармонраво, Ки донои ҳиндуш хонад асир, Суханҳои чарб ораду дилпазир. Бигӯяд, ки оташ ба оташ расид, Гуноҳаш зи кирдор шуд нопадид. Аз он ногузир оташ афрӯхтан, Ҳаме ростӣ донад аз сӯхтан». Бад-ӯ гуфт қайсар, ки «ин нест рост, Бар ин-бар равони Масеҳо гувост.