925. ТИЛИСМ СОХТАНИ РУМИЁН ВА ОЗМОИШ КАРДАН ЭРОНИЁНРО
Чу хуршеди гарданда беранг шуд,
Ситора ба бурҷи шабоҳанг шуд.
Бифармуд қайсар ба найрангсоз,
Ки пеш орад андешаҳои дароз.
Бисозед ҷои шигифте тилисм,
Ки кас бознашносад онро зи ҷисм.
Нишаста зане хуб бар тахти ноз,
Пур аз шарм бо ҷомаҳои дароз.
Аз ин сӯ в-аз он сӯ парастандагон,
Паси пушту пеш - андарун бандагон.
Нишаста бар ин тахт бегуфтугӯй,
Ба гирён зане монад он моҳрӯй.
Замон то замон даст бифрохтӣ,
Сиришке зи мижгон бияандохтӣ.
Ҳар он кас, ки дидӣ мар ӯро зи дур,
Зане ёфтӣ бо рухе пур зи нур,
Ки бигристӣ бар Масеҳо ба зор,
Ду рух сурху мижгон чу абри баҳор.
Тилисми бузург он чу омад ба ҷой,
Бари қайсар омад яке раҳнамой.
Зи доно чу бишнид қайсар, бирафт,
Ба пеши тилисм омад он гоҳ тафт.
Аз он ҷодуӣ дар шигифтӣ бимонд,
Фиристоду Густаҳмро пеш хонд.
Мар он ҷодувонро бубахшид чиз,
Басе бо дирам ҳадяҳо дод низ.
Ба Густаҳм гуфт: «Эй гави номдор,
Яке духтаре доштам чун баҳор!
Биболиду омад-ш ҳангоми шӯй,
Яке хеш буд мар маро номҷӯй.
Ба роҳи Масеҳо бад-ӯ додамаш,
Зи бедонишӣ рӯй букшодамаш.
Фиристодам ӯро ба хони ҷавон,
Сӯи осмон шуд ҷавонро равон.
Кунун ӯ нишастаст бо сӯгу дард,
Шуда рӯзи равшан бад-ӯ ложвард.
На пандам пазирад, на гӯяд сухан,
Ҷаҳони нав аз ранҷи ӯ шуд куҳан.