924. АҲДНОМА НАВИШТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ ВА ФИРИСТОДАН НАЗДИ ҚАЙСАР
Чу он нома наздики Хусрав расид,
Зи пайвастан огоҳии нав расид.
Ба эрониён гуфт, к-«имрӯз меҳр
Дигаргуна гардад ҳаме бар сипеҳр.
Зи қайсар яке нома омад баланд,
Сухан гуфтанаш сарбасар судманд.
Ҳаме роҳ ҷӯяд, ки дерина кин
Бибуррад зи Руму зи Эронзамин».
Чунин ёфт посух аз эрониён,
Ки ҳар гаҳ ки бархост кин аз миён
Наҷӯяд кас аз меҳтарон тоҷи шоҳ,
Намонад тиҳидаст чандин сипоҳ.
Гар ин рост гардад ба ҳангоми ту,
Нависанд бар тоҷҳо номи ту.
Чу эшон бад-ин гуна диданд рой,
Бипардахт Хусрав зи бегона ҷой.
Давоту қалам хосту чинӣ ҳарир,
Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир.
Яке нома бинвишт бар паҳлавӣ,
Бар оини шоҳон, хати хусравӣ,
Ки пазруфт Хусрав зи Яздони пок,
Зи гарданда хуршеду арманда хок,
Ки то ман шавам шоҳ дар пешгоҳ,
Маро бошад Эрону ганҷу сипоҳ,
Нахоҳам зи дорандагон божи Рум,
На лашкар фиристам бад-он марзу бум.
Ҳар он шорсоне, к-аз он марз буд,
Агарчанд бекору беарз буд.
Ба қайсар супорам ҳама якбаяк,
Аз ин пас навишта фиристему чак.
Ҳамон низ духтар, к-аз он модар аст,
Ки пок асту пайвастаи қайсар аст,
Ба ҳамдостони падар хостем,
Бад-ин хостан дил биёростем.
Ҳар он кас, ки бар боргоҳи туанд,
Зи Эрону андар паноҳи туанд,
Чу Густаҳму Шопуру чун Андиён,
Чу Харроди Барзин зи тухми каён.