Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

923. НОМА НАВИШТАНИ ҚАЙСАР БА ХУСРАВИ ПАРВИЗ ДИГАР БОР

Ҳамон гаҳ яке нома бинвишт зуд, Бар он офарин офарин барфузуд, Ки бо мӯбади якдилу покрой Задем аз баду нек мо пок рой. Зи ҳар гунае достонҳо задем, Бад-он рой пешина боз омадем. Кунун рою гуфторҳо шуд ба бун, Кушодам дари ганҷҳои куҳун. Ба Қустантания фузун з-ин сипоҳ Надорам, ки доранд кишвар нигоҳ. Суханҳо зи ҳар гуна оростем, Зи ҳар гӯшае лашкаре хостем. Якояк чу оянд ҳам дарзамон, Фиристем назди шумо бегумон. Ҳама мӯлишу рой чандин задан, Бад-ин нештар коми шер озадан Аз он буд, ки кирдорҳои куҳан Ҳаме ёд кард, он ки донад сухан, Ки ҳангоми Шопур шоҳ Ардашер Дили марди барно шуд аз ранҷ пир. Зи бас ғорату куштану тохтан, Ба бедод-бар кинаҳо сохтан. Чу з-ӯ бугзарӣ Ҳурмузу Кайқубод, Ки аз дод ҳаргиз накарданд ёд. Аз ин марзи мо сиву нӯҳ шорсон Аз эрониён шуд ҳама хорсон. Зи хуни сарон дашт гашт обгир, Зану кӯдаконшон бибурданд асир. Агар марди румӣ ба дил кин гирифт, Набояд, ки ояд туро з-он шигифт. Худ озурданӣ нест дар дини мо, Мабодо бадӣ кардан оини мо. Надидем чизе беҳ аз ростӣ, Ҳам он дурӣ аз кажживу костӣ. Ситамдидагонро ҳама хондем В-аз ин дар фаровон сухан рондем. Ба афсун дили мардумон пок шуд, Ҳама заҳри гиранда тарёк шуд.