922. НОМАИ ДИГАР АЗ ҚАЙСАР БА ХУСРАВ ДАР БОРАИ ЁРӢ КАРДАН БО Ӯ
Чу қайсар нигаҳ карду нома бихонд,
Зи ҳар гуна андеша дар дил биронд.
В-аз он пас ба дастури пурмоя гуфт,
Ки «ин розҳо бозҷӯй аз нуҳуфт.
Радонрову кундоваронро бихон,
Зи кори гузашта фаровон бирон.
Нигаҳ кун, ки Хусрав бад-ин корзор
Шавад шод, агар печад аз рӯзгор.
Гар эдун, ки гӯед пирӯз нест,
Аз он пас варо низ наврӯз нест.
Бимонем, то сӯи хоқон шавад,
Чу бемор шуд, сӯи дармон шавад.
В-ар эдун, ки пирӯзгар бошад ӯй,
Ба шоҳӣ ба сони падар бошад ӯй.
Ҳамон беҳ, к-«аз эдар шавад бо сипоҳ,
Магар кина дар дил надорад нигоҳ».
Чу бишнид дастури доно сухан,
Бифармуд, то зиҷҳои куҳан
Бибурданд мардони ахтаршинос,
Сухан ронд бо номдорон се пос.
Саранҷом марди ситорашумар
Ба қайсар чунин гуфт, к-«эй тоҷвар!
Нигаҳ кардам ин зиҷҳои куҳун,
К-аз ахтар Фалотун фикандаст бун,
На бас дер шоҳӣ ба Хусрав расад,
Зи шоҳаншаҳӣ гардиши нав расад.
Бар ин гуна - бар солҳо сию ҳашт,
Бар ӯ гарди тира наёрад гузашт».
Чу бишнид қайсар, ба дастур гуфт,
Ки «берун шуд ин рози ӯ аз нуҳуфт.
Чӣ гӯему инро чӣ посух диҳем,
Яке то бар ин реш марҳам ниҳем?
Чу Хусрав сӯи марзи хоқон шавад,
Варо ёр хоҳад, таносон шавад.
Чу лашкар ба ҷои дигар созад ӯй,
Зи кини ту ҳаргиз напардозад ӯй.
Нигаҳ кун, ки акнун ту донотарӣ,
Бад-ин орзу-бар тавонотарӣ».