921. НОМАИ ҚАЙСАР БА ХУСРАВ ВА ПАҲЛӮ ТИҲӢ КАРДАН АЗ ЁРИИ Ӯ ВА ПОСУХИ ОН АЗ ХУСРАВ
Зи бегона қайсар бипардохт ҷой,
Пурандеша биншаст бо раҳнамой.
Ба мӯбад чунин гуфт, к-«ин додхоҳ
Зи гетӣ гирифтаст моро паноҳ.
Чӣ созем, то ӯ банерӯ шавад
В-аз он нанги кеҳтар беоҳу шавад?»
Ба қайсар чунин гуфт пас раҳнамой
Ки «аз файласуфони покизарой,
Бибояд тане чанд бедордил,
Ки банданд бо мо дар ин кор дил».
Фиристод кас қайсари номдор,
Бирафтанд аз он файласуфон чаҳор.
Ҷавонону пирони руминажод
Суханҳои дерина карданд ёд,
Ки мо то Сикандар бишуд з-ин ҷаҳон,
Аз эрониёнем хаста ниҳон.
Зи бас ғорату ҷангу овехтан,
Ҳам он бегунаҳ хира хун рехтан.
Кунун пок Яздон зи кирдори бад
Ба пеш андаровардшон кори бад.
Яке хомушӣ баргузин з-ин миён,
Чу шуд кундрав бахти Сосониён.
Агар Хусрав он хусравонӣ кулоҳ
Ба даст оварад, сар барорад ба моҳ.
Ҳам андар замон бож хоҳад зи Рум,
Ба пай андарорад ҳама марзу бум.
Кунун гар хӯрад бо хирад, ёд дор,
Суханҳои эрониён бод дор».
Аз эшон чу бишнид қайсар сухун,
Яке дигар андеша афканд бун.
Саворе фиристод наздики шоҳ,
Яке нома бинвишту бинмуд роҳ
Зи гуфтори бедор донандагон,
Суханҳои дерина хонандагон.
Чу омад ба наздики Хусрав савор,
Бигуфт, ончи бишнид аз он номдор.
Ҳамон номаи қайсар овард пеш,
Сухан ронд бо ӯ зи андоза беш.