920. ПОСУХИ НОМАИ ХУСРАВ АЗ ҚАЙСАР
Дабири ҷаҳондидаро пеш хонд,
Бар он пешгоҳи бузургӣ нишонд.
Бифармуд, то нома посух навишт,
Биёрост чун марғзори биҳишт.
Зи бас панду пайванду неку сухан
Аз он рӯз то рӯзгори куҳан.
Чу гашт аз навиштан нависанда сер,
Нигаҳ кард қайсар саворе далер,
Сухангӯву равшандилу ёдгир,
Хирадманду донову гурду дабир.
Бад-ӯ гуфт: «Рав, пеши Хусрав бигӯй,
Ки, эй шоҳи бинодилу роҳчӯй!
Маро ҳам силеҳ асту ҳам марду ганҷ,
Наёвард бояд касеро ба ранҷ.
В-агар нестимон зи ҳар кишваре,
Дирам хостеме зи ҳар меҳтаре.
Бад-он то ту аз Рум бо коми хеш
Ба Эрон хиромӣ ба ороми хеш.
Мабош андар ин бум тираравон,
Ки ин аст кирдори чархи равон,
Ки гоҳе паноҳ асту гоҳе газанд.
Гаҳе нозу нӯш асту гоҳе каманд.
Кунун то силеҳу сипоҳу дирам
Фароз оварам, ту мабошӣ дижам».
Бари Хусрав омад фиристода мард,
Суханҳои қайсар ҳама ёд кард.