Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

919. НОМА ФИРИСТОДАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БА ҚАЙСАРИ РУМ

Чу омад бад-он шорсон шаҳрёр, Савор омад аз қайсари номдор. Ки чизе к-аз ин марз хоҳӣ, бихоҳ, Мадор орзуро зи шоҳон нигоҳ, Ки ҳарчанд ин подшоҳӣ марост, Туро бо тани хеш дорем рост. Бад-он шорсон эмину шод бош, Зи ҳар бад, ки андешӣ, озод бош. Ҳама Рум яксар туро кеҳтаранд, Агарчанд гарданкашу меҳтаранд. Туро то насозам силеҳу сипоҳ, Наҷӯям хуру хобу оромгоҳ. Чу бишнид Хусрав, аз он шод гашт, Равонаш зи андеша озод гашт. Бифармуд Густаҳму Болуйро, Ҳамон Андиёни ҷаҳонҷӯйро, Ба Харроди Барзину Шопури шер, Чунин гуфт пас шаҳрёри далер, Ки аспон чу равшан шавад, зин кунед, Ба болой-бар зини заррин кунед. Бипӯшед зарбафти чиниқабой, Ҳама якдилонеду покизарой, Аз ин шорсон назди қайсар шавед, Бигӯеду гуфтори ӯ бишнавед. Хирадманд бошеду равшанравон, Ниюшандаву чарбу ширинзабон. Гар эдун, ки қайсар ба майдон шавад, Камон хоҳаду гар ба чавгон шавад, Бикӯшед бо марди қайсарпараст Бад-ин, то шуморо наёяд шикаст. Саворӣ бидонад, к-аз Эрон баранд, Далериву нерӯи шерон баранд. Ба Харроди Барзин бифармуд шоҳ, Ки чиниҳарир ору мушки сиёҳ. Ба қайсар яке нома бояд набишт Чу хуршеди тобон ба ҳуррамбиҳишт. Суханҳои кӯтоҳу маънӣ басе, Ки он ёд гирад дили ҳар касе.