Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

918. РОЙ ЗАДАНИ ЭРОНИЁН ВА БАҲРОМ АЗ БАҲРИ ПОДШОҲӢ ВА БАР ТАХТ НИШОНДАН ӮРО

Чу хуршед ханҷар кашид аз наиём, Падид омад он митрафи зардфом. Фиристоду гарданкашонро бихонд, Бар афкандаи тоҷдорон нишонд. Ба як сӯй курсии заррин ниҳод, Чу шоҳони пирӯз биншаст шод. Чунин гуфт аз он пас ба бонги баланд, Ки «ҳар кас, ки ҳаст аз шумо арҷманд, Зи шоҳон, зи Заҳҳок бадтар касе Наёяд падид, ар биҷӯӣ басе, Ки аз баҳри шоҳӣ падарро бикушт В-аз он куштан Эронаш омад ба мушт. Дигар Хусрав, он марди бедоду шум, Падарро бикушт, он гаҳе шуд ба Рум. Кунун то падид ояд андар ҷаҳон, Яке номдоре зи тухми меҳон, Ки зебо бувад ҷустани тахтро, Кулоҳу камар бастану бахтро. Кӣ доред, к-акнун бубандад миён, Ба ҷой оварад роҳу расми каён? Ба дорандаи офтоби баланд, Ки бошам шуморо бад-ин ёрманд». Шуниданд гарданкашон ин сухун, Ки он номвар меҳтар афканд бун. Напечид кас сар зи гуфтори рост, Яке пирсар буд, бар пой хост, Куҷо номи ӯ буд Шаҳрон Гуроз, Гаве пирсар, меҳтаре сарфароз. Чунин гуфт, к-«Эй номдори баланд, Туӣ, то будӣ дар ҷаҳон судманд. Будӣ, гар набудӣ ту, он Совашоҳ, Ки омад бад-ин марзи мо бо сипоҳ, Аз озодагон бандагон хост кард, Кас ӯро набуд дар ҷаҳон ҳамнабард. Зи гетӣ ба мардӣ ту бастӣ миён, Ки ин ранҷ бугзошт аз эрониён. Сипаҳ чор бор аз ялон сад ҳазор, Ҳама гурду шоистаи корзор.