917. БУРДАНИ БАҲРОМИ СИЁВУШ БаНДӮЙРО ПЕШИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА
Чу рӯи замин гашт хуршедфом,
Сухангӯй-Бандӯй баршуд ба бом.
Ба Баҳром гуфт: «Эй ҷаҳондида мард,
Бад-он гаҳ, ки бархост аз дашт гард,
Чу Хусрав шуморо бидидаш, бирафт,
Сӯи Рум бо лашкари хеш тафт.
Кунун гар ту паррон шавӣ чун уқоб,
В-агар бартар орӣ сар аз офтоб.
Набинӣ ҳаме шоҳро ҷуз ба Рум,
Ки акнун куҳан шуд бад-он марзу бум.
Кунун гар диҳедам ба ҷон зинҳор,
Биёям бари паҳлавони савор,.
Бигӯям сухан, ҳар чӣ пурсад зи ман,
Зи каммиву бешии он анҷуман.
В-агарна бипӯшам силеҳи набард,
Ба ҷанг андарорам ба хуршед гард».
Чу бишнид Баҳром аз ӯ ин сухан,
Дили марди барно шуд аз ғам куҳан.
Ба ёрон чунин гуфт, к-«Акнун чӣ суд,
Агар ман барорам зи Бандӯй дуд.
Ҳамон беҳ, ки ӯро бари паҳлавон
Барам ҳам бар ин гуна равшанравон.
Бигӯяд бад-ӯ, ҳар чӣ донад зи шоҳ,
Агар сар диҳад, ё ситонад кулоҳ».
Ба Бандуй гуфт: «Эй бади чораҷӯй,
Ту ин довариҳо ба Баҳром гӯй».
Фуруд омад аз бом Бандӯи шер,
Ҳаме ронд бо номдорон далер.
Чу бишнид Баҳром, к-омад сипоҳ,
Сӯи Рум шуд Хусрави кинахоҳ.
Зи пури Сиёвуш барошуфт сахт,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй бадтани шӯрбахт!
На кори ту буд он, ки фармудамат,
Ҳаме беҳунар хира бистудамат».
Ҷаҳонҷӯй Бандуйро пеш хонд,
Ҳама хашми Баҳром бар вай биронд.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй бадтану бадкуниш,
Фиребандамард аз дари сарзаниш!