Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

916. РАФТАНИ ХУСРАВ БА РУМ

Чу Баҳром рафт андар айвони шоҳ, Гузин кард аз он лашкари кинахоҳ Зиреҳдору шамшерзан шаш ҳазор, Бад-он, то шаванд аз паси шаҳрёр, Чунин лашкари номбардору гурд Ба Баҳроми пури Сиёвуш супурд. В-аз он рӯй Хусрав биёбон гирифт, Ҳаме аз бади душманон ҷон гирифт. Чунин то ба пеши работе расид, Сари теғи девори ӯ нопадид. Куҷо хондандиш Яздонсарой, Парастишгаҳе буд фархундаҷой. Нишастангаҳи сӯгворон будӣ, Бад-ӯ дар сакубову митрон шудӣ. Чунин гуфт Хусрав ба яздонпараст, Ки «Аз хӯрданӣ чист эдар ба даст?» Сакубо бад-ӯ гуфт, к-«Эй номдор, Фатир аст бо тарраи ҷӯйбор. Гар эдун, ки шояд бад-ин сон хӯриш, Мабодат ҷуз аз тӯша ин парвариш». Зи асп андаромад сабук шаҳрёр, Ҳам онон ки буданд бо ӯ савор. Ҷаҳонҷӯй бо ин ду хусравпараст Гирифт аз пайи бож барсам ба даст. Нишастанд бар нарм реги кабуд, Ба иштоб хӯрданд, он чи ки буд. Чунин гуфт пас бо сакубо, ки май Надорӣ ту, эй пири фархундапай? Бад-ӯ гуфт: «Мо май зи хурмо кунем, Ба таммуз ҳангоми гармо кунем. Кунун ҳаст лахте чу равшан гулоб, Ба сурхӣ чу беҷода дар офтоб». Ҳамон гаҳ биёвард ҷоме набид, Ки шуд ранги хуршед з-ӯ нопадид. Бихӯрд он замон Хусрав аз май се ҷом, Маю нони кашкин, ки дорад ба ном. Чу мағзаш шуд аз бодаи сурх гарм, Баногаҳ бихуфт аз бари реги нарм.