Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

915. ГУРЕХТАНИ ХУСРАВ БА РУМ ВА КУШТА ШУДАНИ ПАДАРИ Ӯ ҲУРМУЗД

В-аз он ҷойгаҳ шуд ба назди падар, Ду дида пур аз хуну хаста ҷигар. Чу рӯи падар дид, бурдаш намоз, Ҳаме буд пешаш замоне дароз. Бад-ӯ гуфт, к-«Он паҳлавони савор, Ки ӯро гузидӣ ту, эй шаҳрёр, Биёмад чу шоҳон, ки доранд фар, Сипоҳе биёвард бисёрмар. Бигуфтам сухан, ҳар чи омад зи панд, Бад-ӯ-бар набуд панди ман судманд. Ҳама ҷангу пархош буд коми ӯй, Ки ҳаргиз мабодо равон номи ӯй. Ба ноком разме гарон карда шуд, Фаровон кас аз ахтар озурда шуд. Зи ман бозгаштанд яксар сипоҳ, Надиданд, гуфтӣ, маро ҷуз ба роҳ. Ҳаме шоҳ хонданд Баҳромро, Надиданд аз оғоз фарҷомро. Паси ман кунун то пули Наҳравон Биёвард лашкар чу кӯҳи равон. Чу шуд кор бебарг, бугрехтам, Ба доми бало дарнаёвехтам. Нигаҳ кардам акнун ба суду зиён, Ки бошанд ёвар магар тозиён. Гар эдун, ки фармон диҳад шаҳрёр, Саворони тозӣ биёрам ба кор». Бад-ӯ гуфт Ҳурмуз: «Бад-ин рой нест, Ки акнун туро пой бар ҷой нест. Туро рафтан он ҷо ҷуз аз ранҷ нест, Ки он ҷо силеҳи тану ганҷ нест. Набошанд ёвар туро тозиён, Чу аз ту наёбанд суду зиён. Набанданд дил дар нажоди ту низ, Ба душман супорандат аз баҳри чиз. Бад-ин кор пушти ту Яздон бувад, Ҳамовози ту бахти хандон бувад. Чу бугзошт хоҳӣ ҳаме марзу бум, Аз эдар бирав тозиён то ба Рум.