Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

914. ШАБЕХУН КАРДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БАР ЛАШКАРИ ХУСРАВ ВА ГУРЕХТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ

Зи лашкар гузин кард Баҳроми шер, Сипоҳе ҷаҳонгиру гурду далер. Чу карданд бо ӯ дабирон шумор, Сипаҳ буд шамшерзан шаш ҳазор. Ба ҷанговарон гуфт: «Чун захми кӯс Барояд ба ҳангоми бонги хурӯс, Шумо бархурӯшеду андарниҳед, Саронро зи хун бар сар афсар ниҳед». Бишуд тез лашкар ба фармони гав, Се турки сарафрозашон пешрав. Бари лашкари шаҳрёр омаданд, Ҷафопешаву кинадор омаданд. Хурӯш омад аз гурзу кӯполу теғ, Аз оҳан замин гашту аз гард меғ. Ҳаме гуфт ҳар кас, ки Хусрав куҷост, Ки имрӯз пирӯзиву дасти мост. Ба боло ҳаме буд Хусрав ба дард, Ду дида пур аз хуну рӯ ложвард. Чунин то сапеда баромад зи кӯҳ, Шуд аз захми шамшер лашкар сутӯҳ. Чу шуд домани тирашаб нопадид, Ҳама размгаҳ куштаву хаста дид. Ба гарданкашон гуфт: «Ёрӣ кунед, Бар ин душманон комгорӣ кунед, Ки пирӯзгар пушту ёри ман аст, Кунун захму шамшер кори ман аст». Биёмад дамон то бари он се турк, Чӣ турк он диловар, се гурги сутург. Яке тохт то пеши Хусрав расид, Парандоваре аз миён баркашид. Ҳаме хост зад бар сари шаҳрёр, Сипар бар сар овард шоҳи савор. Ба зери сипар теғи заҳробгун, Бизад тезу андохташ сарнагун. Хурӯшид, к-«Эй номдорони ҷанг, Замоне дигар кард бояд диранг». Сипоҳаш ҳама рӯй баргоштанд, Ҷаҳонҷӯйро хор бугзоштанд.