913. РОЙ ЗАДАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БО СИПАҲДОРОН ВА МӮБАДОНИ ХУД
В-аз он рӯй шуд шаҳрёри ҷавон,
Чу бугзашт шод аз пули Наҳравон.
Ҳама меҳтаронро зи лашкар бихонд,
Сазовор бар тахти шоҳӣ нишонд.
Чунин гуфт, к-«Эй некдил меҳтарон,
Ҷаҳондидаву коркарда сарон,
Ба шоҳӣ нахустин маро ин сар аст,
Ҷуз аз озмоиш на андарх(в)ар аст.
Ба ҷое касе нест моро сипос,
Агарчанд ҳастем некишинос.
Шуморо зи мо ҳеҷ некӣ набуд,
Ки чандин ғаму ранҷ бояд фузуд.
Ниёкони моро парастидаед,
Басе шӯру талхи ҷаҳон дидаед.
Бихоҳам кушодан яке рози хеш,
Ниҳон дорам аз лашкар овози хеш.
Сухан гуфтани ман ба эрониён
Набояд, ки берун баранд аз миён,
К-аз ин гуфтан андешаи ман табоҳ
Шавад, чун бигӯянд пеши сипоҳ.
Ман имшаб сиголидаам тохтан,
Сипаҳро ба ҷанг-андар андохтан,
Ки Баҳромро дидам андар сухун,
Саворест аспафкану коркун.
Надидам хирадмандӣ андар сараш,
На андар сари номвар лашкараш.
Ҷуз аз разми Сова нагӯяд сухан,
Ҳаме нав кунад рӯзгори куҳан.
Ҳаме кӯдаке бехирад донадам,
Ба гурзу ба шамшер тарсонадам.
Надонад, ки ман шаб шабехун кунам,
Ба разм-андарун тарс берун кунам.
Агар ёр бошед бо ман ба ҷанг,
Чу шаб тира гардад, насозам диранг.
Чу шӯяд ба анбар шаби тира рӯй,
Бияфшонад он гесӯи мушкбӯй,
Шумо барнишинед бо сози ҷанг,
Ҳама гурзу ханҷар гирифта ба чанг».