Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

912. ПАНД ДОДАНИ ГУРДИЯ БАРОДАРИ ХУД БАҲРОМРО

Чу хоҳар-ш бишнид, к-омад зи роҳ, Бародар-ш баргашт аз пеши шоҳ. Биандохт он номдор афсараш, Биёвард фармонбари чодараш. Биёмад ба пеши бародар давон Диле хаста аз дарду тира равон. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй меҳтари ҷангҷӯй, Чӣ гуна шудӣ пеши Хусрав, бигӯй. Гар ӯ аз ҷавонӣ шавад тезу тунд, Магардон ту дар оштӣ рой кунд». Ба хоҳар чунин гуфт Баҳроми гурд, Ки «Ӯро зи шоҳон набояд шумурд. На ҷангисаворе, на бахшандае, На доносаре, ё дурахшандае. Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор, Ҳунарманд бояд тани шаҳрёр». Чунин гуфт донанда хоҳар бад-ӯй, Ки «Эй тезҳуш меҳтари номҷӯй. Туро чанд гӯям, сухан нашнавӣ, Ба пеш оварӣ тундиву бадхувӣ. Нигар, то чӣ гӯяд сухангӯи Балх, Ки бошад сухан гуфтани рост талх. Ҳар он кас, ки оҳуи ту бо ту гуфт, Ҳама ростиҳо кушод аз нуҳуфт. Макун ройи вайронии шаҳри хеш, Зи гетӣ чу бардоштӣ баҳри хеш. Бар ин-бар яке достон зад касе, Куҷо баҳра будаш зи дониш басе, Ки хар шуд, ки хоҳад зи говон суру, Ба говора гум кард гӯш аз ду сӯ. Накӯҳиш махоҳ аз ҷаҳон сарбасар, Набуд аз таборат касе тоҷвар. Агар нестӣ ин ҷавон дар миён, Набудӣ ман аз доғ тираравон, Падар зиндаву тахти шоҳӣ ба ҷой, Ниҳода ту андар миён пеш пой. Надонам, саранҷоми ин чун бувад, Ҳамеша ду чашмам пур аз хун бувад.