Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

911. БОЗГАШТАНИ БАҲРОМУ ХУСРАВ ВА ПАНД ДОДАНИ ГУРДИЯ БАҲРОМРО ВА СИГОЛИШ КАРДАНИ ХУСРАВ БО ЭРОНИЁН

Бигуфту бихандиду баргашт аз ӯй, Сӯи лашкари хеш бинҳод рӯй. Зи хоқониён он се турки сутург, Ки арғунда буданд бар сони гург, Куҷо гуфта буданд Баҳромро, Ки мо рӯзи чанг аз пайи номро, Агар мурда, гар зинда, болои шоҳ Ба назди ту орем пеши сипоҳ. Аз эшон саворе, ки нопок буд, Диловар буду тунду бебок буд, Ҳаме ронд пархошҷӯю дижам, Каманде ба бозу-дарун шаст хам. Чу наздиктар гашт бо хинги оҷ, Ҳаме буд ёзон ба пурмоя тоҷ. Биандохт он тобдода каманд, Сари тоҷи шоҳ андаромад ба банд. Яке теғ Густаҳм зад бар каманд, Сари шоҳро з-он наёмад газанд. Ба зудӣ камонро ба зеҳ кард гурд, Ба тир аз ҳаво рӯшноӣ бибурд. Бад-он турки бадсоз Баҳром гуфт, Ки «Ҷуз хоки тира мабодат нуҳуфт, Кӣ гуфтат, ки бо шоҳ ҷанг озмой, Надидӣ маро пеши ӯ-бар ба пой?!» Пас омад ба лашкаргаҳи хеш боз, Равонаш пур аз дарду тан пургудоз.