910. РАСИДАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ БО БАҲРОМИ ЧӮБИНА БА ҲАМДИГАР
Расиданд Баҳрому Хусрав ба ҳам,
Кушода яке рӯю дигар дижам.
Нишаста ҷаҳондор бар хинги оҷ,
Зи зарру зи ёқут бар сар-ш тоҷ.
Зи дебои зарбафт чиниқабой,
Чу Гурдӯй пеш-андарун раҳнамой.
Чу Биндую Густаҳм бар дасти шоҳ,
Чу Харроди Барзини зарринкулоҳ
Ҳама ғарқ дар оҳану симу зар,
На ёқут пайдо, на зарринкамар.
Чу Баҳром рӯи шаҳаншоҳ дид,
Шуд аз хашм рангу рухаш нопадид.
В-аз он пас чунин гуфт бо саркашон,
Ки «Ин руспизодаи баднишон
Зи пастиву кундӣ ба мардӣ расид,
Тавонгар шуду гурдагаҳ баркашид.
Падид омадаш мушк бар гирди оҷ,
Фаридуни шаҳ гашт бо гурзу тоҷ.
Биёмӯхт оини шоҳаншаҳон,
Ба зудӣ сар ояд бар ӯ-бар ҷаҳон.
Сипаҳро ба оини Нӯшинравон
Ҳаме ронад ин шоҳи тираравон.
Бубинед лашкар-шро сар ба сар,
Ки то кист з-эшон яке номвар?
Саворон набинам ҳаме размҷӯй,
Ки бо ман ба рӯй андароранд рӯй.
Бубинад кунун кори мардони мард,
Таки аспу шамшеру гарди набард.
Ҳамон захми кӯполу борони тир,
Хурӯши ялону деҳу дору гир.
Надорад бар овардгаҳ пил пой,
Чу ман бо сипоҳ андароям зи ҷой.
Аз овози мо кӯҳ резон шавад,
Ҳизабри диловар гурезон шавад.
Ба ханҷар ба дарё-бар афсун кунам,
Биёбон саросар пур аз хун кунам».
Бигуфту барангехт аблақ зи ҷой,
Ту гуфтӣ, шуд он бора парронҳумой.