909. ОГОҲ ШУДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА АЗ КӮР ШУДАНИ ҲУРМУЗД ВА ЛАШКАР КАШИДАН БА ҶАНГИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ
Чу бишнид Баҳром, к-аз рӯзгор
Чӣ омад бар он номвар шаҳрёр,
Ниҳоданд бар чашми равшан-ш доғ,
Бимурд ин чароғи ду наргис ба боғ.
Писар барнишаст аз бари тахти ӯй,
Ба пой андаромад сари бахти ӯй.
Аз он монд Баҳроми ял дар шигифт,
Бипажмурду андеша андаргирифт.
Бифармуд, то кӯс берун баранд,
Дирафши бузургӣ ба ҳомун баранд.
Буна барниҳоду сипаҳ барнишаст,
Ба пайкори Хусрав миёнро бубаст.
Сипоҳе ба кирдори кӯҳи равон
Ҳаме рафт густох то Наҳравон.
Чу огоҳ шуд Хусрав аз кори ӯй,
Ғамӣ гашт аз он тез бозори ӯй.
Фиристод бедор корогаҳон,
Ки то бозҷӯянд кори ҷаҳон.
Ба корогаҳон гуфт: «Роз аз нахуст
Зи лашкар ҳаме кард бояд дуруст,
Ки бо ӯ якеанд лашкар ба ҷанг,
К-аз ӯ гардад ин кори мо бо диранг.
Дигар он ки Баҳром дар қалбгоҳ
Бувад пештар, ё миёни сипоҳ,
Чигуна нишинад ба ҳангоми бор,
Ба рафтан кунад ҳеҷ рои шикор?»
Бирафтанд корогаҳон аз дараш,
Набуд огаҳ аз кори ӯ лашкараш.
Бирафтанду диданду боз омаданд,
Ниҳонӣ бари ӯ фароз омаданд,
Ки лашкар ба ҳар кор бо ӯ якест,
Агар номдоре, агар кӯдакест.
Ҳар он гаҳ ки лашкар биронад ба роҳ,
Бувад як замон дар миёни сипоҳ.
Замоне шавад бар сӯи маймана,
Гаҳе бар чапу гоҳ сӯи буна.
Ҳама мардуми хеш дорад ба роз,
Ба бегонагонаш наёяд ниёз.