Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

908. ОМАДАНИ ХУСРАВ ПЕШИ ПАДАР ВА ПӮЗИШ ХОСТАН

Чу пинҳон шуд он чодари обнӯс, Ба гӯш омад аз дур бонги хурӯс. Ҷаҳонгир шуд то ба назди падар, Ниҳонаш пур аз дарду хаста ҷигар. Чу дидаш, бинолиду бурдаш намоз, Ҳаме буд пешаш замоне дароз. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шоҳи нобахтёр, Зи Нӯшинравон дар ҷаҳон ёдгор. Ту донӣ, ки гар будаме пушти ту, Ба сӯзан нахастӣ кас ангушти ту. Нигар, то чӣ фармоӣ акнун маро, Ғам омад туро, дил пур аз хун маро. Гар эдун, ки фармон диҳӣ, бар дарат Яке бандаам, посбони сарат. Наҷӯям кулоҳу нахоҳам сипоҳ, Бибуррам сари хеш дар пеши шоҳ». Бад-ӯ гуфт Ҳурмузд, к-«эй камхирад, Ҳамин рӯзи сахтӣ зи ман бугзарад. На он кас, ки ин кард, монад дароз, Ба мо бугзарад, ҳар чӣ ранҷ асту оз. Маро назди ту орзу буд се чиз, Бар ин-бар фузунӣ нахоҳем низ. Яке, он ки шабгир ҳар бомдод Кунӣ гӯши моро ба овоз шод. Ва дигар, саворе зи гарданкашон, Ки аз разми дерина дорад нишон, Бари ман фиристӣ, ки аз корзор Сухан гӯяду карда бошад шикор. Ҳамон низ донанда марди куҳан, Ки аз подшоҳон гузорад сухан. Набишта яке дафтар орад маро, Бад-он дарду сахтӣ сар орад маро. Севум, орзу он ки холи туанд, Парастандаву ноҳамоли туанд. Набинанд аз ин пас ҷаҳонро ба чашм, Бар эшон биронӣ бар ин сӯг хашм». Бад-ӯ гуфт Хусрав, ки «Эй шаҳрёр, Мабод он ки бар чашми ту сӯгвор