907. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ХУСРАВ ВА ПӮЗИШИ ПАДАР ХОСТАНИ Ӯ
Чу Хусрав нишаст аз бари тахти зар,
Бирафтанд ҳар кас, ки будаш ҳунар.
Гаронмоягонро ҳама хонданд,
Бар он тоҷи нав гавҳар афшонданд.
Ба мӯбад чунин гуфт, к-«Ин тоҷу тахт
Наёбад магар мардуми некбахт.
Мабодо маро пеша ҷуз ростӣ,
Ки бедодӣ орад ҳаме костӣ.
Або ҳар касе ройи мо бар беҳист,
Зи бедод кардан сари мо тиҳист.
Зи Яздон пазируфтам ин тахти нав,
Ҳаме равшану моявар бахти нав.
Шумо низ дилҳо ба фармон ниҳед,
Ба ҳар кор бо мо се паймон ниҳед.
Аз озурдани мардуми порсо
Ва дигар, кашидан сар аз подшо.
Севум, дур будан зи чизи касон,
Ки дардаш бувад сӯи он кас расон,
Ки дар гоҳу бегаҳ касеро бисӯхт,
Ба бемоя чизе дилаш барфурӯхт.
Кунун даст аз ин шуст бояд ҳаме,
Раҳи ростӣ ҷуст бояд ҳаме.
Дигар ҳар чӣ бо мардуме бархӯрад,
Мар онро пазиранда бошад хирад.
Набошад маро бо касе доварӣ,
Агар тоҷи ман ҷуст, ар ангуштарӣ.
Киро гавҳари тан бувад бо нажод,
Нагӯяд сухан бо касе ҷуз ба дод.
Набошад шуморо ҷуз аз эманӣ,
Наёзам ба кирдори оҳарманӣ».
Ҳар он кас, ки бишнид гуфтори шоҳ,
Ҳаме офарин хонд бар тоҷу гоҳ.
Бирафтанд шодон аз ин тахти ӯй,
Басе офарин рафт бар бахти ӯй.
Сипаҳбад фуруд омад аз тахт шод,
Ҳама шаб зи Ҳурмуз ҳаме кард ёд.