906. ОҒОЗИ ДОСТОН
Чу Густаҳму Биндӯй б-Озаргушасп
Барафканд марде сабук бо ду асп,
Ки дар шаб ба наздики Хусрав шавад,
Аз Эрон ба огоҳии нав шавад.
Фиристода омад бари шоҳи нав,
Гузашта шабе тира аз моҳи нав.
Зи ошӯби Бағдод гуфт, он чи дид,
Ҷавон шуд чу барги гули шанбалид.
Чунин гуфт, к-«Он, к-ӯ зи роҳи хирад
Ба тезиву бедонишӣ бугзарад,
Натарсад зи кирдори чархи баланд,
Шавад зиндагониш носудманд.
Гар ин бад, ки гуфтӣ, х(в)аш ояд маро,
Хуру хоб дар оташ ояд маро.
Валекин падар чун ба хун ёхт даст,
Дар Эрон накардам сарои нишаст.
Ҳам ӯро кунун чун яке бандаам,
Сухан ҳар чи гӯяд, ниюшандаам».
Ҳам андар замон доғдил бо сипоҳ
Ба кирдори оташ биёмад зи роҳ.
Сипоҳӣ буд аз Бардау Ардабил,
Ҳаме рафт бо номвар хел-хел.
Аз Армения низ чанде сипоҳ
Ҳаме тохт чун бод бо ӯ ба роҳ.
Чу омад ба Бағдод аз ӯ огаҳӣ,
Ки омад харидори тахти меҳӣ,
Ҳама шаҳр аз огоҳӣ ором ёфт,
Ҷаҳонҷӯй аз оромашон ком ёфт.
Пазира шудандаш бузургони шаҳр,
Касеро, ки аз меҳтарӣ буд баҳр.
Ниҳоданд бар пешгаҳ тахти оҷ,
Ниҳоданд ҳам тавқу пурмоя тоҷ.
Ба шаҳр-андарун рафт Хусрав бадард,
Ба назди падар рафт бо боди сард.
Чӣ гӯям аз ин гунбади тезгард,
Ки ҳаргиз наёсояд аз коркард.
Якеро ҳаме тоҷи шоҳӣ диҳад,
Якеро ба дарё ба моҳӣ диҳад.