Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

905. КӮР КАРДАНИ ГУСТАҲМ ВА БИНДУЙ ҲУРМУЗДРО

Чу огоҳӣ омад сӯи шаҳрёр Зи Оингушасп, он гави номдор, Аз андуҳ дари бор додан бубаст, Надидаш касе низ бо май ба даст. Баромад аз орому аз хӯрду хоб, Ҳаме буд бо дидагон пур зи об. Ба дар-бар сухан рафт чанде зи шоҳ, Ки парда фурӯ ҳишт аз боргоҳ. Бимонданд аз он кор гурдон шигифт, Ҳаме ҳар касе ройи дигар гирифт. Чу аз Тайсафун баршуд он гуфтугӯй, Аз он подшоҳӣ бишуд рангу бӯй. Сари бандагон шуд пур аз дарду кин, Гузиданд нафрин пас аз офарин. Сипоҳ андаке шуд ба даргоҳ-бар, Ҷаҳон танг шуд бар дили шоҳ- бар. Ба Биндую Густаҳм рафт огаҳӣ, Ки тира шуд он тахти шоҳаншаҳӣ, Ҳама бастагон банд бардоштанд, Якеро бад-он кор бигмоштанд, Ки ин огаҳӣ бозҷӯяд, ки чист, Зи ҷанговарон бар дари шоҳ кист? Зи кори замона чу огаҳ шуданд, Зи фармон бигаштанду бераҳ шуданд. Шикастанд зиндону баршуд хурӯш Бар он сон, ки ҳомун баромад ба ҷӯш. Ба шаҳр-андарун ҳар кӣ буд лашкаре, Бимонданд бечора аз ҳар даре. Ҳаме рафт Биндую Густаҳм пеш, Зиреҳдору бо лашкару сози хеш. Якояк зи дида бишустанд шарм, Диловар ба даргоҳ рафтанд гарм, Ба бозор пеши сипоҳ омаданд, Саворон ба даргоҳи шоҳ омаданд. Пас он гаҳ чунин гуфт Густаҳми гурд, Ба лашкар, ки «Ин хор натвон шумурд, Ки гар гашт хоҳед бо мо яке, Маҷӯед озарми шоҳ андаке.