Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

904. ФИРИСТОДАНИ ҲУРМУЗД ОИНГУШАСПРО БА ҶАНГИ БАҲРОМ ВА КУШТА ШУДАНИ Ӯ

Ба Оингушасп он гаҳе шоҳ гуфт, Ки «Аз рой дурему бо дард ҷуфт. Чӣ нав шуд, чӣ созем Баҳромро, Чунон бандаи хори худкомро?» Шуд Оингушасп андар он роҳҷӯй, Ки он ройро чун диҳад рангу бӯй. Бад-ӯ гуфт, к- «Эй шоҳи гарданфароз, Суханҳои Чӯбин зи ман шуд дароз. Ҳаме хуни ман ҷӯяд андар ниҳон, Нахустин зи ман гашт хаста равон. Маро назди ӯ пой карда ба банд, Фиристӣ, магар бошадат судманд». Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Ин на кори ман аст, Ки ин роҳи бадгавҳар Оҳарман аст. Сипоҳӣ фиристам, ту солор бош, Ба разм- андарун номбардор бош. Нахустин фиристаш яке раҳнамун, Бад-он то чӣ бинад ба сар-ш андарун. Агар меҳтарӣ ҷуяду тоҷу тахт, Ба фарҷом печад аз ӯ рӯй бахт. В-агар ҳамчунин вижа кеҳтар бувад, Ба фарҷом ором беҳтар бувад. Зи гетӣ яке баҳра ӯро диҳам, Кулоҳи ялонаш ба сар барниҳам. Зи гетӣ чу Баҳроми ҷангӣ кам аст, Маро чокар аст, арчи чун Рустам аст. Маро яксар аз кораш огоҳ кун, Дирангӣ марав, роҳ кӯтоҳ кун». Ҳаме сохт Оингушасп ин сухун, Куҷо шоҳи фарзона афканд бун. Яке мард буд баста аз шаҳри ӯй, Ба зиндони шоҳ- андарун чораҷӯй. Чу бишнид, к-Оингушасп ин савор Ҳаме рафт хоҳад сӯи корзор. Касеро зи зиндон ба наздики ӯй Фиристод, к- «Эй меҳтари роҳҷӯй, Зи шаҳрат яке баста зиндониям, Нагӯям ҳамоно, ки худ дониям.