903. НОМА НАВИШТАНИ БАҲРОМ НАЗДИ ҲУРМУЗД ВА ГУРЕХТАНИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ АЗ ПЕШИ ПАДАР
Яке нома бинвишт пурбоду дам,
Сухан гуфт ҳар гуна аз бешу кам.
Зи Пармудаву лашкари Совашоҳ,
Зи разме, ки ӯ карда буд бо сипоҳ.
В-аз он хилъате, к-омад ӯро зи шоҳ,
Зи миқноу он дукдони сиёҳ.
Чунин гуфт аз он пас, ки «Ҳаргиз ба хоб
Набинӣ маро, шаст баркаш зи об.
Ҳар он гаҳ ки Хусрав нишинад ба тахт,
Писар-т он гаронмояи некбахт,
Ба фармони ӯ роғ ҳомун кунам,
Биёбон зи душман чу Ҷайҳун кунам.
Агар кӯдак аст, ӯ ба шоҳӣ сазост,
Вафодор ӯ, на чу ту бевафост.
Пазируфтам ӯро ба шоҳаншаҳӣ,
Аз ин пас набошам ҷуз ӯро раҳӣ.
Ҳаме хост то бар писар шаҳрёр,
Сар орад магар бегунаҳ рӯзгор,
Ки ӯро ҳама бими Парвиз буд,
Ки бар подшоҳ ӯ диловез буд».
Ҳама ёд кард ин ба нома-дарун,
Фиристода омад сӯи Тайсафун.
Ба бозоргон гуфт: «Мехи дирам,
Чу Ҳурмуз бубинад, бупечад зи ғам,
Чу Хусрав набошад варо ёру пушт,
Бубинад зи ман рӯзгори дурушт.
Чу озармҳо бар замин барзанем,
Ҳама бехи Сосон зи бун барканем,
На он тухмаро кард Яздон замин
Гаҳ омад, ки бархезад ин офарин».
Биёмад фиристодаи некпай
Ба Бағдод бо номдорони Рай.
Чу нома ба наздики Ҳурмуз расид,
Рухаш гашт аз он нома чун шанбалид.
Пас огоҳӣ омад зи мехи дирам,
Якояк бар он ғам бияфзуд ғам.
Бупечиду шуд бар писар бадгумон,
Бигуфт ин ба Оингушасп он замон.