902. СИККА ЗАДАНИ БАҲРОМ БА НОМИ ХУСРАВИ ПАРВИЗ
Чу барзад синон офтоби баланд,
Шаби тира гашт аз дурахшаш нажанд.
Сипаҳдор Баҳроми гурди сутург,
Бифармуд, то шуд дабири бузург.
Ба хоқон яке нома аржангвор
Навиштанд пурбӯю рангу нигор.
Ба пӯзиш, к-аз он карда ҳастам бадард,
Дилам пур пушаймониву боди сард.
Аз ин пас бару буму марзи туро
Наёзорам аз баҳри арзи туро.
Агар бар ҷаҳон пок меҳтар шавам,
Туро ҳамчу кеҳтар бародар шавам.
Ту бояд, ки дилро бишӯӣ зи кин,
Надорӣ ҷудо марзи Эронзамин.
Ба дил ёдгори гузашта магир,
Ки Яздон зи банда-ст пӯзишпазир.
Ҳама офарин бод бар ройи ту,
Бар он номвар буму бар ҷойи ту.
Суханҳо ҷуз ин низ бисёр гуфт,
Фиристода бо бод дар роҳ ҷуфт.
Чу шуд назди хоқони Чин сарфароз,
Фаровон-ш бистуду бурдаш намоз.
Ҳамон номаи паҳлавонро бидод,
Ҷуз он ҳам суханҳо басе кард ёд.
Сипахдори Чин шуд зи пайғом шод,
Фиристодаро чиз бисёр дод.
Ҳамон номаро зуд посух навишт,
Ба боғи бузургӣ дарахте бикишт.
Фиристод Баҳромро хоста,
Зи посух дилаш гашт ороста.
Чу пардахта шуд з-он, дигар соз кард,
Дари ганҷи гирдомада боз кард.
Сипаҳро дирам доду аспу раҳӣ,
Ниҳонӣ ҳаме ҷуст ҷои меҳӣ.
Зи лашкар яке паҳлавон баргузид,
Ки солори марзи Хуросон сазид.
Хуросон бад-ӯ дод бо лашкаре
Нишопур бо Балху Марву Ҳарӣ.