901. СИГОЛИШ НАМУДАНИ БАҲРОМ БО САРДОРОН АЗ ПОДШОҲИИ ХУД ВА ПАНД ДОДАН ӮРО ГУРДИЯ ХОҲАРИ ХЕШ
Аз он пас гаронмоягонро бихонд,
Басе розҳо пеши эшон биронд.
Чу Ҳамдонгушаспу дабири бузург,
Ялонсина он номдори сутург.
Чу Баҳроми гурд он Сиёвушнажод,
Чу Кундогушасп он хирадманди род.
Ҳаме рой зад бо чунин меҳтарон,
Ки буданд шерону ҷанговарон.
Чунин гуфт пас паҳлавони сипоҳ
Бад-он лашкари тезу гумкардароҳ,
Ки «Эй номдорони гарданфароз,
Ба ройи шумо ҳар якеро ниёз.
Зи мо меҳтар озурда шуд бегуноҳ,
Чунин сар бупечид аз оину роҳ,
Чӣ созему дармони ин кор чист,
Набояд, ки бар хаста бояд гирист?
Ҳар он кас, ки пӯшид дард аз пизишк,
Зи мижгон фурӯ рехт хунин сиришк.
Зи донандагон гар бипӯшем роз,
Шавад кори осон ба мо-бар дароз.
Кунун дардмандам, ман андар ниҳон
Бигӯям ба донандагони ҷаҳон.
Бирафтам аз Эрон чунон кинахоҳ
Бад-он моя лашкар ба фармони шоҳ.
Аз он беш душман набинад касе,
В-агарчанд монад ба гетӣ басе.
Чу Пармудаи турк бо Совашоҳ
Агар сӯи Эрон кашидӣ сипоҳ,
Наярзидӣ Эрон ба як мӯҳра мум,
В-аз он пас ҳаме дошт оҳанги Рум.
Ба Пармудаву Совашоҳ он расид,
Ки кас дар ҷаҳон он шигифтӣ надид.
Агарчи фаровон кашиданд ранҷ,
На-шон пил мондам аз он пас, на ганҷ.
Ба наввӣ яке ганҷ бинҳод шоҳ,
Тавонгар шуд, ошуфта буд бар сипоҳ.
Шумо ҳар касе чораи ҷон кунед,
Бад-ин хастагӣ то чӣ дармон кунед.