900. ОГАҲ ДОДАНИ ХАРРОДИ БАРЗИН ҲУРМУЗДРО АЗ КОРИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА
В-аз ин рӯй Харроди Барзин ниҳон
Ҳаме тохт то назди шоҳи ҷаҳон.
Ҳама гуфтаниҳо бад-ӯ бозгуфт,
Ҳама розҳо баркушод аз нуҳуфт.
Чунин то аз он бешаву марғзор
Якояк ҳама гуфт бо шаҳрёр.
В-аз он рафтани гӯру он роҳи танг,
Аз ороми Баҳрому чандон диранг.
В-аз он коху он тахти гавҳарнигор,
Парастандагону аз он тоҷдор.
Якояк бигуфт, он чи з-ӯ дида буд,
Дигар ҳарчи з-он кор бишнида буд.
Аз он тоҷвар монд андар шигифт,
Сухан ҳарчи бишнид, дар дил гирифт.
Чу гуфтори мӯбад ба ёд омадаш,
Зи дил-бар яке сард бод омадаш.
Ҳамон низ гуфтори он фолгӯ,
Ки гуфт ӯ бупечад сар аз тахт ӯ.
Сабук мӯбади мӯбадонро бихонд,
Бад-он ҷой Харроди Барзин нишонд.
Ба Харроди Барзин чунин гуфт шоҳ,
Ки «Букшой лаб з-он, ки дидӣ ба роҳ»,
Ба фармони ӯ худ забон баркушод,
Суханҳо якояк ҳама кард ёд.
Бад-ӯ шоҳ гуфт: «Ин чӣ шояд будан,
Ҳама достонҳо бибояд задан?
Ки дар беша гӯре бувад раҳнамой,
Миёни биёбон бубинӣ сарой.
Абар тахти заррин зане тоҷдор
Парастанда пеш- андарун шоҳвор,
Ба кирдори хобест ин достон,
Ки ёд ояд аз гуфтаи бостон».
Чунин гуфт мӯбад ба шоҳи ҷаҳон,
Ки «Ин гӯр деве бувад дар ниҳон.
Чу Баҳромро хонд аз ростӣ,
Падид омад андар дилаш костӣ.
Ҳамон кох чун гӯрситоне шинос,
Бар он тахт зан ҷодуе носипос,