899. ГИРИФТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ОИНИ ПОДШОҲӢ
Дигар рӯз чун симгун гашт роғ,
Падид омад он зардрахшон чароғ,
Бигустурд фарше зи дебои Чин,
Ки гуфтӣ, магар осмон шуд замин.
Ҳама кох курсии заррин ниҳод,
Зи дебои зарбафт болин ниҳод.
Ниҳоданд заррин яке зергоҳ,
Нишаст аз бараш паҳлавони сипоҳ.
Нишасте биёрост шоҳаншаҳӣ,
Ниҳода ба сар-бар кулоҳи меҳӣ.
Нигаҳ кард кораш дабири бузург,
Бидонист, к-ӯ шуд далеру сутург.
Чу наздики Харроди Барзин расид,
Бигуфт он чи донисту диду шунид.
Чу Харроди Барзин шунид ин сухан,
Бидонист, к-он ранҷҳо шуд куҳан.
Чунин гуфт пас, к- «Эй гиромӣ дабир,
Ту кори чунин бар дил осон магир.
Набояд кушодан бар ин кор лаб,
Бари шоҳ бояд будан тирашаб.
Шаҳаншоҳи мо хирасар шуд бад-он,
Ки хилъат фиристодаш аз дукдон.
Надонист, к-ин шери пархошхар
Зи фармон бупечад бад-ин гуна сар»,
Ки Баҳромро дил пур аз тоҷ гашт,
Ҳамон тахт зер -андараш оҷ гашт.
Заданд андар он кор ҳар гуна рой,
Ҳаме чора аз рафтан омад ба ҷой.
Чу ранги гурез андаромехтанд,
Шаби тира аз Балх бугрехтанд.
Сипаҳбад бидонист он корашон,
Зи равшан равонҳои бедорашон.
Ялонсинаро гуфт: «Бо сад савор
Битоз аз паи ин ду ноҳушвор».
Ялонсина андар дабири бузург
Расиду барошуфт бар сони гург.
Аз ӯ чиз бистад ҳама, ҳар чӣ дошт,
Ба банди гаронаш зи раҳ боздошт.