898. АНДАР ДИДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БАХТИ ХУДРО
Чунин то ду ҳафта бад-ин баргузашт,
Сипаҳбад зи айвон омад ба дашт.
Яке беша пеш омадаш пурдарахт,
Сазовори майхораи некбахт.
Яке гӯр дид андар он марғзор,
К-аз он нектар кас набинад шикор.
Пас- андар ҳаме ронд Баҳром нарм,
Бар ӯ борагиро накард эч гарм.
Бад-он беша дар ҷои нахчиргоҳ
Ба пеш- андар омад яке танг роҳ.
Зи тангӣ чу гӯри жаён баргузашт,
Биёбон падид омаду боғу дашт.
Аз ин дашт Баҳром чун бингарид,
Яке кохи пурмоя омад падид.
Бад-он кох Баҳром бинҳод рӯй,
Ҳамон гӯр пеш- андарун роҳҷӯй.
Ҳаме ронд то пеши он кох асп,
Паси пушти ӯ буд Эзадгушасп.
Инони таковар бад-ӯ доду гуфт,
Ки «бо ту ҳамеша хирад бод ҷуфт».
Пиёда ба даҳлези кох- андарун
Ҳаме рафт Баҳром бе-раҳнамун.
Замоне ҳаме буд Эзадгушасп,
Гирифта ба даст он гаронмоя асп.
Ялонсина омад паси ӯ давон,
Бар аспи таковар бубаста миён.
Бад-ӯ гуфт Эзадгушаспи далер,
«Ба кох- андарун рав, ту, эй наррашер!
Бубин, то куҷо рафт солори мо,
Сипаҳдор, он номбардори мо».
Ялонсина дар боғ бинҳод рӯй,
Диле пур зи андеша солорҷӯй.
Яке коху айвони фархунда дид,
К-аз он сон ба Эрон надиду шунид.
Ба як дасти айвон яке тоқ дид,
Зи дида сари чархи ӯ нопадид.
Ниҳода ба тоқ- андарун тахти зар,
Нишонда ба ҳар пора дурру гуҳар.