Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

897. ПӮШИДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ҶОМАИ ЗАНОН ВА ХУДРО ДАР ҲАМОН ҶОМА БА САРДОРОНИ ЛАШКАР НАМУДАН

Чу Баҳром бо нома хилъат бидид, Шикебоиву хомушӣ баргузид. Ҳаме гуфт: «Ин аст подоши ман, Чунин аст аз ин шоҳ пархоши ман. Чунин бад аз андешаи шоҳ нест, Ҷуз аз носазо гуфти бадхоҳ нест. Ҷаҳондор бар бандагон подшост, Агар мар маро хор гирад, равост. Гумоне набурдам, ки наздики шоҳ Бадандешагон низ ёбанд роҳ. Аз он пас, ки бо хормоя сипоҳ Ба тезӣ бирафтам зи даргоҳи шоҳ. Ҳама дидаанд он, ки ман кардаам, Ғаму ранҷу сахтӣ, ки ман бурдаам. Чу подоши ин ранҷ хорӣ бувад, Гар аз бахт носозгорӣ бувад, Ба Яздон бинолам зи гардонсипеҳр, Ки аз ман чунин пок бугсист меҳр». Зи додори некидиҳиш ёд кард, Бипӯшид пас ҷомаи сурху зард. Ба пеш- андарун дукдоне сиёҳ Ниҳода ҳар он ч-аш фиристод шоҳ. Бифармуд, то ҳар кӣ буд аз меҳон, Аз он номдорони шоҳи ҷаҳон, Зи лашкар бирафтанд наздики ӯй, Пурандеша буд ҷони торики ӯй. Чу рафтанд, диданд пиру ҷавон, Бар он гуна-бар пӯшиши паҳлавон. Бимонданд аз он кор яксар шигифт, Дили ҳар кас андешае баргирифт. Чунин гуфт пас паҳлавони сипоҳ, Ки «Хилъат бар ин сон фиристод шоҳ, Ҷаҳондор шоҳ асту мо бандаем, Дилу ҷон ба меҳри вай огандаем. Чӣ бинед бинандагон андар ин, Чӣ гӯем бо шаҳрёри замин?» Ба посух кушоданд яксар забон, Ки эй номвар, пурҳунар паҳлавон,