Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

896. ФИРИСТОДАНИ ҲУРМУЗД ДУКДОН ВА ҶОМАИ ЗАНОН НАЗДИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА

Ҷаҳондор ҳам з-ӯ на хушнуд буд, Зи тезӣ равонаш пур аз дуд буд. Аз озори хоқони чинӣ нахуст, Ки Баҳром аз озарми ӯ дил бишуст. Дигар он ки чизе, ки фармон набуд, Ба бардоштан худ далерӣ намуд. Яке нома бинвишт пас шаҳрёр, Ба Баҳром, к- «Эй деви носозкор, Ҳунарҳо зи Яздон набинӣ ҳаме, Ба чархи фалак барнишинӣ ҳаме. Наёяд ҳаме ёдат аз ранҷи ман, Сипоҳи ману бахшиши ганҷи ман. Раҳи паҳлавонон насозӣ ҳаме, Сарат б-осмон барфарозӣ ҳаме. Зи фармони ман сар бупечидаӣ, Дигаргуна коре басечидаӣ. Кунун хилъат омад сазовори ту, Писандидаву дархури кори ту». Чу бинҳод бар нома-бар мӯҳр шоҳ, Бифармуд, то дукдоне сиёҳ Биёранд бо дуку панба дар ӯй, Ниҳода басе носазо рангу бӯй. Ҳам аз шаър пероҳане ложвард, Яке сурху шалвору миқнои зард Фиристодаи беманиш баргузид, Ки он хилъати бебаҳоро сазид. Бад ӯ гуфт, к- «Ин назди Баҳром бар, Бигӯ, эй сабукмояи бегуҳар, Ту хоқони чинӣ бубандӣ ҳаме, Газанди бузургон писандӣ ҳаме. Зи тахте, ки ҳастӣ, фуруд орамат, Аз ин пас ба кас низ нашморамат!» Фиристода бо хилъат омад чу бод, Шунида суханҳо ҳама кард ёд.