Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

895. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ҲУРМУЗД АЗ НОРОСТИИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ВА ПАЙМОН БАСТАН БО ХОҚОН

Ҳаюне биёмад ҳам он гаҳ сутург Або номае аз дабири бузург, Ки шоҳи ҷаҳон ҷовидон шод бод, Сару тоҷи ӯ бандаро ёд бод! Чунон дон, ки бурди ямонӣ ду буд, Ҳамон мӯза аз гавҳари нобисуд. Ҳамон гӯшвори Сиёвуши рад, К-аз ӯ ёдгор аст моро хирад. Аз ин ҷойгаҳ паҳлавон баргирифт, Чу ӯ дид ранҷ, ин набояд шигифт. Зи Шоҳак бипурсид пас номҷӯй, К-аз ин ҳар чӣ дидӣ, якояк бигӯй. Сухан гуфт Шоҳак бар ин ҳамнишон, Барошуфт аз он шоҳи гарданкашон. Ҳам андар замон гуфт: «Чӯбина роҳ Ҳаме гум кунад, сар барорад ба моҳ. Яке он ки хоқони Чинро бизад, Бар он сон, ки аз гавҳари ӯ сазад. Дигар он ки ҷуз гӯшвораш ба кор Наёмад, магар шуд яке шаҳрёр? Ҳама ранҷи ӯ сарбасар бод гашт, Ҳама дод додан-ш бедод гашт». Бигуфт ину Пармударо пеш хонд, Бар он номвар ҷойгоҳаш нишонд. Бибурданду хӯрданд то шаб зи роҳ Бияфшонд он тира зулфи сиёҳ. Ба хоқон чунин гуфт, к- «Аз баҳри ман Басе ранҷ дидӣ дар ин анҷуман. Нишаста биёзиду дасташ гирифт, Аз ӯ монд Пармуда андар шигифт. Бад-ӯ гуфт: «Савганди мо тоза кун, Ҳама кор бар дигар андоза кун. Ба Яздон, ки ӯ бартар аз бартарист, Нигорандаи Зӯҳраву Муштарист, Ки чун бозгардӣ, напечӣ зи ман, На аз номдорони он анҷуман». Бихӯрданд савгандҳои гарон Ба Яздони поку ба ҷони сарон.