894. ОМАДАНИ ХОҚОН БА НАЗДИКИ ҲУРМУЗДШОҲ
Чу хоқон биёмад ба наздики шоҳ
Або ганҷи деринаву бо сипоҳ,
Чу бишнид шоҳи ҷаҳон, барнишаст
Ба сар-бар яке тоҷу гурзе ба даст.
Биёмад чунин, то ба даргаҳ расид,
Зи даҳлез чун рӯи хоқон бидид,
Ҳаме буд то чун-ш бинад ба роҳ,
Фуруд ояд ӯ ҳамчунин бо сипоҳ.
Бубинад-шу баргардад аз пеши ӯй,
Пурандеша буд з-он сухан номҷӯй.
Пас он гоҳ хоқон чунон ҳам бар асп,
Биёмад або мӯбад Эзадгушасп.
Фуруд омад аз асп хоқон ҳамон,
Биёмад бари шоҳи Эрон дамон.
Шаҳаншоҳ аспи таковар биронд,
Ба даҳлез бо ӯ замоне намонд.
Диранге бибуд, то ҷаҳондор шоҳ
Расидӣ ба айвон аз он боргоҳ.
Чу хоқон бирафт аз паси шаҳрёр,
Инонаш гирифт он замон пардадор.
Пиёда шуд аз асп Пармуда зуд,
Бар он кеҳтарӣ ҷодуиҳо намуд.
Хиромон биёмад ба наздики тахт,
Мар ӯро шаҳаншоҳ бинвохт сахт.
Бипурсиду биншондаш пеши хеш,
Ғамӣ шуд зи ҷони бадандеши хеш.
Сазовори ӯ ҷойгаҳ сохтанд,
Яке хуррам айвон бипардохтанд.
Бибурданд чизе, ки шоиста буд,
Ҳамон пеши Пармуда боиста буд.
Сипаҳро ба наздики ӯ ҷой кард,
Дабире бар он кор барпой кард.
Чу огаҳ шуд аз кори он хоста,
Ки овард Пармуда ороста.
Ба майдон фиристод, то ҳамчунон
Бувад бори пурмоя бо сорвон.
Чу осуд як ҳафта аз ранҷи роҳ,
Ба ҳаштум яке сур фармуд шоҳ.