Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

893. ХАШМ ГИРИФТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БАР ПАРМУДА

Чу нома биёмад бари паҳлавон, Дили номвар паҳлавон шуд ҷавон. Аз он нома андар шигифтӣ бимонд, Фиристоду эрониёнро бихонд. Ҳамон хилъати шоҳ пеш оварид, Бар ӯ офарин кард, ҳар кас ки дид. Суханҳои эрониён ҳар чи буд, Бад-он нома- андар бад-эшон намуд. Аз айвон баромад яке офарин, Ки гуфтӣ, биҷунбид рӯи замин. Ҳамон номвар номаи зинҳор, Ки Пармударо омад аз шаҳрёр, Бад-он диж фиристод наздики ӯй, Дурахшанда шуд ҷони торики ӯй. Фуруд омад аз бора он номдор, Басе офарин хонд бар шаҳрёр! Ҳама хоста ҳарчи буд дар ҳисор, Ба Баҳром биспурду барсохт кор. Фуруд омад аз диж сарафроз мард, Ба аспи набард андаромад чу гард. Ҳаме рафт бо лашкар аз диж ба роҳ, Накард эч Баҳроми ялро нигоҳ. Чу бишнид Баҳром, нанг омадаш, Агарчанд шоҳе ба чанг омадаш. Фиристоду ӯро пиёда зи роҳ, Биёвард пӯён ба пеши сипоҳ. Чунин гуфт Пармуда ӯро, ки «ман Сарафроз будам ба ҳар анҷуман, Чунин пурманиш зинҳорӣ шудам, Аз авҷи баландӣ ба хорӣ шудам. Бад-ин рӯз ҳам нестӣ хушманиш, Ки пеши ман овардӣ, эй бадкуниш. Кунун ёфтам номаи зинҳор, Ҳаме рафт хоҳам бари шаҳрёр. Магар бо ман ӯ чун бародар шавад, Бади рӯз бар ман сабуктар шавад. Туро бо ман акнун чӣ кор аст низ, Супурдам туро тахту орому чиз.