892. ХОСТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА МАНШУРИ ЗИНҲОРИИ ПАРМУДА АЗ ҲУРМУЗД
Набиштанд пас номаи судманд,
Ба наздики Ҳурмузд шоҳи баланд,
Ки «Хоқони Чин зинҳорӣ шудаст,
Зи Баҳроми ҷангӣ ҳисорӣ шудаст.
Яке мӯҳру маншур бояд ҳаме,
Бад-ин мужда-бар сур бояд ҳаме.
Чу хоқон зи мо зинҳорӣ шавад,
Аз он бартарӣ сӯи хорӣ шавад,
Шаҳаншоҳ шояд, ки бахшад бар ӯй,
Чу якбора з-ӯ дур шуд рангу бӯй».
Чу нома биёмад ба наздики шоҳ,
Ба абр- андар овард фаррух кулоҳ.
Фиристоду эрониёнро бихонд,
Бари тахти шоҳаншаҳӣ барнишонд.
Бифармуд, то нома бархонданд,
Ба хонанда-бар гавҳар афшонданд.
Ба озодагон гуфт: «Яздон сипос,
Ниёиш кунам шаб ба пешаш се пос,
Ки хоқони Чин кеҳтари мо бувад,
Сипеҳри баланд афсари мо бувад.
Ҳаме сар ба чархи фалак барфарохт,
Ҳаме хештан шоҳи гетӣ шинохт.
Кунун пеши бартарманиш бандаӣ,
Сипаҳбадсарӣ, марзҷӯяндаӣ.
Чунон шуд, ки бар мо кунад офарин,
Сипаҳдору солори туркону Чин.
Сипос аз Худованди хуршеду моҳ,
Ки ӯ дод бар бартарӣ дастгоҳ.
Шумо ҳам ба Яздон ниёиш кунед,
Ҳама некуӣ дар физоиш кунед».
Фиристодаи паҳлавон пеш хонд,
Ба хубӣ суханҳо фаровон биронд.
Камар хост бо гавҳари шоҳвор,
Яке бораву ҷомаи шаҳрёр.
Ситомӣ бар он борагӣ-бар ба зар,
Ба ҳар мӯҳрае барнишонда гуҳар.
Фиристодаро низ динор дод,
Яке бадраву чизи бисёр дод.