Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

891. ПАНОҲ ХОСТАНИ ПАРМУДА АЗ БАҲРОМИ ЧӮБИНА

Чунин гуфт: «Аз он пас, ки бар дашт ҷанг Забунист бар кор кардан диранг». Ялонсинаро гуфт, то се ҳазор Аз он размгаҳ баргузинад савор. Чаҳор аз ялон низ Эзадгушасп Аз он ҷангиён барнишонад ба асп. Бифармуд, то ҳар киро ёфтанд, Ба гардан задан тез биштофтанд. Магар шаҳрёр ояд аз диж бурун, Чу бинад ҳама дашт чун рӯди хун. Бибуд бар дари диж бар ин сон се рӯз, Чаҳорум чу бифрӯхт гетифурӯз, Паёме фиристод Пармударо, Мар он меҳтари кишвару дударо, Ки «Эй меҳтару шоҳи туркону Чин, Зи гетӣ чаро кардаӣ диж гузин? Куҷо он ҷаҳон ҷустани Совашоҳ, Куҷо он ҳама ганҷу он дастгоҳ?! Куҷо он ҳама пилу баргустувон, Куҷо он бузургони равшанравон?! Куҷо он ҳама тунбалу ҷодуӣ, Ки акнун аз ин сон бар ин як сӯӣ?! Ҳама шаҳри туркон варо бас набуд, Чу боби ту андар ҷаҳон кас набуд. Нишастӣ кунун дар диже чун занон, Пур аз хун ду дастат ба рух-бар занон. Дари бор букшову зинҳор хоҳ, Бари шоҳи гетӣ маро ёр хоҳ. Зи диж ганҷи динор берун фирист, Ҳама бадраҳо сӯи ҳомун фирист. Агар ганҷ дорӣ ту, кишвар мадор, Ки динор хор аст бар шаҳрёр, Ба даргоҳи шоҳат миёнҷӣ манам, Ки дар шаҳри Эрон гавонҷӣ манам. Туро бар ҳама меҳтарон меҳ кунам, Аз андешаҳо ройи ту беҳ кунам. Ар эдун, ки рой аст наздики ту, Ки равшан кунад кори торики ту,