890. РАЗМИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БО ПАРМУДА, ПИСАРИ СОВАШОҲ ВА ГУРЕХТАНИ ПАРМУДА БА ОВОЗАДИЖ
Аз ӯ чун ба Пармуда рафт огаҳӣ,
Ки ҷӯяд ҳаме тахти шоҳаншаҳӣ,
Диже дошт Пармуда, Овоза ном,
К-аз ин диж будӣ эману шодком.
Ниҳод, он чи будаш, бад-ӯ-дар дирам,
Зи динору аз гавҳару беш кам.
Зи Ҷайҳун гузар кард худ бо сипоҳ,
Биёмад гурозон сӯи размгоҳ.
Ду лашкар чу танг андаромад ба ҷанг,
Ба раҳ-бар накарданд ҷое диранг.
Ба ду манзил аз Балх ҳар ду сипоҳ
Гузиданд шоиста як размгоҳ.
Миёни ду лашкар ду фарсанг буд,
Ки паҳнои дашт аз дари ҷанг буд.
Дигар рӯз Баҳроми ҷангӣ бирафт,
Ба дидори гурдони Пармуда тафт.
Нигаҳ кард Пармуда, ӯро бидид,
Зи ҳомун яке тундболо гузид.
Сипаҳро саросар ҳама барнишонд,
Чунон шуд, ки дар дашт ҷое намонд.
Сипаҳ дид Пармуда чандон, ки дашт
Ба дидори эшон ҳаме хира гашт.
Варо дид, к-аз пеши он лашкараш
Ба гардун баровард ҷангӣ сараш.
Рамӣ гашту бо лашкари хеш гуфт,
Ки «Бо пешрав Аҳриман гашт ҷуфт.
Шумори сипоҳаш падидор нест,
Ҳам ин размро кас харидор нест.
Сипаҳдори гарданкашу хашмнок,
Ҳаме хун шавад зери ӯ тирахок.
Чу шаб тира гардад, шабехун кунем,
Зи дил тарсу андеша берун кунем».
Чу Пармуда омад ба пардасарой,
Ҳаме зад зи ҳар гуна аз ҷанг рой.
Ҳаме гуфт, к-«Ин аз ҳунарҳо якест,
Агарчи сипаҳшон кунун андакест.
Саворону аспони пурмояанд,
Зи гарданкашон бартарин пояанд.