889. ФИРИСТОДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ФИРӮЗНОМАРО БО САРИ СОВАШОҲ НАЗДИ ҲУРМУЗД
Шаби тира чун зулфро тоб дод,
Ҳамон тоби ӯ чашмро хоб дод.
Падид омад он пардаи обнӯс,
Баросуд гетӣ зи овози кӯс.
Ҳаме гашт гардун, шитоб омадаш,
Шаби тираро дерёб омадаш.
Баромад яке зардкиштӣ аз об,
Биболид ранҷу биполуд хоб.
Сипаҳбад биёмад, фиристод кас
Ба наздики ёрони фарёдрас,
Ки то ҳар кӣ шуд кушта аз меҳтарон,
Бузургони туркону ҷангисарон,
Сароншон бибурранд яксар зи тан,
Касеро, ки буд меҳтари анҷуман.
Дирафши дурафшон паси ҳар саре,
Ки буданд аз он ҷангиён афсаре,
Асирону сарҳо ҳама гирд кард,
Бибурданд аз овардгоҳи набард.
Дабири нависандаро пеш хонд,
Зи ҳар дар фаровон суханҳо биронд.
Аз он лашкари номвар бешумор
В-аз он ҷунбишу гардиши рӯзгор
В-аз он чангу он чора аз ҳар даре,
Куҷо рафта буд бо чунон лашкаре,
В-аз он кӯшишу ҷанги эрониён,
Ки накшод рӯзе саворе миён.
Чу он нома бинвишт наздики шоҳ,
Гузин кард пӯяндае аз сипоҳ.
Нахустин сари Сова бар найза кард,
Дирафше, ки ӯ доштӣ дар набард.
Сарони бузургони Тӯронзамин,
Чунон ҳам дирафши саворони Чин,
Бифармуд, то бар сутури наванд
Ба зудӣ бари шоҳи Эрон баранд.
Асирону он хоста, ҳар чӣ буд,
Ҳаме дошт андар Ҳарӣ нобисуд.
Бад-он то чӣ фармон диҳад шаҳрёр,
Фиристод бо сар саворони кор.