888. КУШТАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА ҶОДУЙРО
Чу бугзашт аз он рӯзи беҳ нӯҳ замон,
Надиданд зинда яке бадгумон.
Магар он ки буданд баста асир,
Равонҳо зи ғам хаставу тан ба тир.
Ҳама роҳ баргустувон буду тарг,
Саронро зи тарг омад он рӯзи марг.
Ҳамон теғи ҳиндиву тиру камон,
Зи ҳар сӯ, ки афканда буд бадгумон.
Зи кушта чу дарёи хун буд замин,
Ба ҳар гӯшае монда аспе ба зин.
Ҳаме гашт Баҳром гирди сипоҳ,
Ки то кист кушта зи Эрон, табоҳ.
В-аз он пас ба Харроди Барзин бигуфт:
«Як имрӯз бо ранҷи мо бош ҷуфт.
Нигаҳ кун, к-аз эрониён кушта кист,
К-аз он дард моро бибояд гирист».
Ба ҳар ҷой Харроди Барзин бигашт,
Ба ҳар пардаву хаймае баргузашт.
Кам омад зи лашкар яке номвар,
Ки Баҳром буд номи он пурҳунар.
Зи тухми Сиёвуш гаве, меҳтаре,
Сипаҳбаднажоде зи Эрон саре
Ҳаме рафт ҷӯянда чун беҳушон,
Магар з-ӯ биёбад ба ҷое нишон.
Тани хаставу кушта чанде кашид,
Зи Баҳром ҷое нишоне надид.
Сипаҳдор аз он кор шуд дардманд,
Ҳаме гуфт зор: «Эй гави ҳушманд!»
Замоне бимонду падид омад ӯй,
Дари бастаро чун калид омад ӯй,
Або сурх турке, баде гурбачашм,
Ки гуфтӣ дил озурда дорад ба хашм.
Чу Баҳром Баҳромро дид гуфт,
Ки «Ҳаргиз мабодӣ ту бо хок ҷуфт!»
В-аз он пас бипурсид аз он турки зишт,
Ки «Эй дӯзахирӯи дур аз биҳишт,
Чӣ мардиву зоду нажоди ту чист,
Ки зояндаро бар ту бояд гирист».