887. РАЗМ КАРДАНИ БАҲРОМИ ЧӮБИНА БО СОВАШОҲ
Чунин гуфт пас бо сипаҳ Совашоҳ,
Ки «Аз ҷодуӣ андароред роҳ,
Бад-он то дилу чашми эрониён
Бупечад, наёяд шуморо зиён».
Ҳама ҷодувон ҷодуӣ сохтанд,
Ҳаме дар ҳаво оташ андохтанд.
Баромад яке боду абри сиёҳ,
Ҳаме тир борид аз ӯ бар сипоҳ.
Хурӯшид Баҳром, к- «Эй меҳтарон,
Бузургони Эрону кундоварон,
Аз ин ҷодуиҳо бихобед чашм,
Ба ҷанг андароред лашкар ба хашм,
Ки он сарбасар тунбалу ҷодуист,
Зи чора бар эшон бибояд гирист».
Хурӯше баромад зи эрониён,
Бубастанд хун рехтанро миён.
Нигаҳ кард аз он размгаҳ Совашоҳ,
Ки он ҷодуиро надоданд роҳ.
Биёвард лашкар сӯи майсара,
Чу гург андаромад ба пеши бара.
Чу як рӯй лашкар ба ҳам баршикаст,
Сӯи қалб Баҳром ёзид даст.
Нигаҳ кард Баҳром аз он қалбгоҳ,
Гурезон сипаҳ дид пеши сипоҳ.
Биёмад, ба найза се танро зи зин
Нагунсор барзад ба рӯи замин.
Ҳаме гуфт: «Аз ин сон бувад корзор,
Ҳамин буд расму ҳамин аст кор.
Надоред шарм аз Худои ҷаҳон,
На аз номдорони фаррухмеҳон».
Ваз он пас биёмад сӯи маймана,
Чу шери жаён, к-ӯ бувад гурсуна.
Чунон лашкареро зи ҳам бардарид,
Дирафши сипаҳдор шуд нопадид.
В-аз он ҷойгаҳ шуд сӯи қалбгоҳ,
Бад-он сӯ, ки солор буд бо сипоҳ.
Бад-ӯ гуфт: «Баргашта бод ин сухан,
Гар эдун, ки ин разм гардад куҳан.